Tajiki Language Learning Podcasts
Tajiki podcast 121205
- Author: Vários
- Narrator: Vários
- Publisher: Podcast
- Duration: 0:03:05
- More information
Informações:
Synopsis
Нахустин шумораи рӯзномаи «Набзи Ховар» -нашрияи Хабаргузории миллии Тоҷикистон "Ховар" аз дасти чоп баромад. Зафар Саидов-Раиси хабаргузории "Ховар" гуфт, қарор аст ин рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба мунташир шавад:"Ин рӯзнома дар асоси маҷмӯаи комили "Ховар" ба ҷуз аз рӯзҳои истироҳат, яъне ба ҷуз аз рузҳои шанбе ва якшанбе дар ҳаҷми зиёда аз 8 сафҳа чоп мешавад. Рӯзнома танҳо бар асоси обуна ба таври чопӣ ё аз тариқи почтаи электронӣ бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ ва забони русӣ дастраси муштариён хоҳад шуд".Баъд аз касби истиқлол ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нашрияе, ки ҳамарӯза мунташир шавад, вуҷуд надошт. Нашрияҳо дар Тоҷикистон ба сурати ҳафтаӣ чоп мешаванд ва танҳо "Ҷумҳурият"- нашрияи расмии Тоҷикистон ва "Садои Мардум" -нашрияи порлумони кишвар ҳафтае ду маротиба имкони нашр шуданро доранд. Маводи "Набзи Ховар" ҳамчунин дар саҳифаи интернетии хабаргузории "Ховар" қобили дарёфт хоҳад буд. Зафар Саидов афзуд, ин рӯзнома дар ояндаи наздик ба забони инглисӣ низ нашр хоҳад шуд. Ба ин манзур гурӯҳи